баргард
чоп кардан
Баромадан аз буҳрон барномаи мушаххас мехоҳад
Ба пешвози паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИНТИЗОРИҲО АЗ ПАЁМ
20 январ паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ба парлумон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ирсол мешавад. Ба назар чунин мерасад, ки паёми навбатӣ дар марҳилаи басо ҳассосе садо хоҳад дод, ки кишварро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, нақшаи буҷаи соли 2015 иҷро нашуд ва зиёда аз 20 ҳазор соҳибкор бинобар баландии сатҳи андозбандӣ ва таъсири омилҳои гуногуни объектививу субъективӣ тарки соҳибкорӣ карда, ҳазорҳо шаҳрванд аз ҷойи кори худ маҳрум шуданд. Дар баробари ин садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бинобар муфлис шудан, дарҳои худро бастанд ва даҳҳо корхонаҳои бузурги дигар аз ихтисори кормандони худ хабар доданд. Инчунин, ҷаҳиши ногаҳонии қурби доллар ва поёнравии қурби сомонӣ мардумро ба он умед оварда, ки дар паёми навбатӣ ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои рафъи он сарвари давлат ба масъулин дастурҳои мушаххас хоҳад дод. Зеро ба қавли коршиносон маҳз болоравии сатҳи андозбандӣ, беқурбшавии пули миллӣ, то 70 дар сад кам шудани воридоти пули муҳоҷирон, аз омилҳои асосиеанд, ки иқтисодиётро рӯ ба таназзул оварда, ҷомеаи соҳибкории Тоҷикистонро ба қавли худашон дар ҳолати "шок" қарор додааст.
Як сол пеш дар ин шабонарӯз агар қурби расмии як доллар 5 сомонию 30 дирамро ташкил дода бошад, алъон қурби расмии доллар 7.20 ва қурби воқеии он ба 8.50 сомонӣ дакка хӯрдааст. Болоравии қурби доллар ва бечорагии Бонки миллиро эҳсос карда, имрӯз ҳар нафаре, ки бо доллар сару кор дорад, ба дурнамоии тиҷорати худ, ба қавле чун нобино нигоҳ мекунад. Зеро дурнамои тиҷорат алъон воқеан пешбининашаванда ва пешгӯинашаванда аст. Аз як тараф агар соҳибкоронро буҳрони шадиди иқтисодӣ ба таҳлука оварда бошад, аз тарафи дигар баландии андозу дастгирӣ наёфтан аз тарафи давлат онҳоро ба ҳолати фақру ноумедӣ қарор додаст. Бонки миллӣ дар болоравии қурби доллар нуқтаҳои мубодилаи асъорро гунаҳкор дониста, фаъолияти эшонро қатъ кард. Натиҷа чӣ шуд? Таҷрибаи мамнӯъ кардан нишон дод, ки қурби доллар боз ҳам болотар рафт. Сабаби аслии болоравии доллар чист, хеч як масъули бахши иқтисодӣ намегӯяд. Вале коршиносон яке аз сабабҳои асосии болоравии қурби асъор ва кам шудани гардиши пул дар бонкҳоро дар он медонанд, ки суратҳисобҳои ширкатҳои зиёде айни замон баста аст ва бастани нуқтаҳои асъор низ гардиши озоди пулро барҳам дода, бонкҳоро дар ҳалати ногувор қарор додааст. Ин аст ки ҳар яки онҳо алъон аз паёми навбатии президенти кишвар умеди калоне доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми гузаштаи худ ба масъулин дастурҳо дода буд, ки соҳибкории хурду миёна ва бузургро дастгирӣ карда, барои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон шароит муҳайё намоянд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, сатҳи истеҳсолотро баланд бардоранд. Беқурбшавии пулли миллиро пешгирӣ карда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар кишвар шароит муҳайё созанд. Вале алъон мебинем, ки масъулин натавонистанд ҳеч яке аз ин пешниҳодотро дар амал татбиқ кунанд ва шароит нисбат ба соли қабл басо мушкилтару буҳронитар шуд.
ПЕШГӮИИ КОРШИНОСОНУ ТАСАЛЛОИ МАСЪУЛИН
Болоравии қурби доллару шадидтар шудани вазъи иқтисодии Тоҷикистонро ҳанӯз баҳори соли гузашта коршиносони дохиливу хориҷӣ дар кишвар пешгӯӣ карда буданд, вале масъулин онро инкор мекарданд. Масалан, 22 апрели соли 2015
Катарина Шахтнер
, раиси бахши тоҷикистонии ҶСП “AccessBank Tajikistan”, ки дар ҳамоиши "Муколамаи зиддибуҳронии ҷомеаи соҳибкорӣ" дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, изҳор дошта буд,
"мо рискҳои эҳтимолиро пешбинӣ карда, мегӯем, ки то охири соли 2015 қурби 1 доллар нисбат ба пули миллӣ аз марзи 7 сомонӣ убур хоҳад кард".
Аммо дар ин ҳамоиш
Ҷамшеди Юсуфиён
, муовини якуми вақти раиси Бонки миллӣ ин пешбиниро рад карда гуфт:
"Мо қуллаи пастшавии қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари дигар асъори хориҷӣ, бахусус доллари ИМА-ро пушти сар кардем. Баъд аз ин мавҷи беқурбшавии пули миллӣ ба мисли моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ такрор нахоҳад шуд".
Акнун вақте ба ин ду пешбинӣ ва таҳлил менигарем, мебинем, ки Катарина Шахтнер хато накарда будааст. Мавсуф аз вазъи воқеии иқтисодӣ ва бонкдории кишвар огоҳ буда, Ҷамшеди Юсуфиён, муовини якуми вақти раиси Бонки миллӣ на дар асоси таҳлилҳо, балки танҳо барои таскини ҷомеа, пешгӯиҳои воқеии коршиносро рад карда будааст.
Матлуба Улҷабоева,
раҳбари Анҷумани соҳибкории хурду миёна низ дар ҳамоиши "Муколамаи зиддибуҳронии ҷомеаи соҳибкорӣ" дар шаҳри Душанбе изҳор дошта буд, ки дар шароити буҳронӣ "дар навбати аввал барои созмон додани ҷойҳои корӣ мо бояд бизнесро ҳавасманд кунем". Дар баробари ин коршиносону иқтисоддонҳои мустақил иброз доштанд, ки блоки иқтисодии ҳукумат бояд фавран барномаеро рӯи даст гирифта, бо расонидани кӯмакҳои гуногун ба тиҷорати хурду миёна ва поён бурдани сатҳи андозбандӣ, ки баландатрин дар ҷаҳонро ташкил медиҳад, ба ин вазъ беҳбудӣ бахшад, вале ин тавр нашуд.
Албатта ҳанӯз дар оғози соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон як барномаи зиддибуҳронии иборат аз 54 бандро қабул кард, ки масъулияти иҷрои он ба дӯши блоки иқтисодии ҳукумат вогузошта шуда буд. Тибқи ин барнома ниҳодҳои блоки иқтисодӣ муваззаф буданд, ки аз беқурбшавии пули миллии сомонӣ ҷилавгирӣ карда, инчунин, мизони қарзҳои саривақт пардохтношударо дар системаи бонкӣ кам мекарданд. Вале мутаасифона ҳеч яке аз бандҳои барнома амалӣ нашуданду, қурби пули миллӣ боло нарафт ва вазъ боз ҳам шадидтар шуда, арзиши доллар то 60 дарсад баланд шуд. Ва ин ба он оварда расонид, ки тибқи нишондоди Оҷонсии омори Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2015, 20 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тарки ин пеша карда, патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор намудаанд. Яъне, ба назар чунин мерасад, ки барномаи зиддибухронии Ҳукумат бинобар дар рӯи коғаз мондан таъсири баръакс расонида, ширкатҳои зиёде муфлис шудаанд ва ширкатхои дигар ҳам муфлисшавиро идома дода истодаанд. Ин аст ки аксар соҳибкорон умедворанд Президент дар паёми навбатии худ ба масъулини бахши иқтисодии ҳукумат танбеҳ дода, дар маҷлиси навбатии ҳукумат дар сохтори кадрии ин ниҳод тағйироти ҷиддие ворид хоҳад кард ва бар ин вазифа шахсонеро таъин хоҳад кард, ки бо барномаҳои мушаххас вазъро беҳтар намуда, ба вазъи ташвишовари соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беҳбуд хоҳанд бахшид.
САБУКИҲОИ АНДОЗӢ
Аксар соҳибкорон умедворанд, ки Президенти кишвар дар паёми навбатии худ масъалаи ворид намудани сабукиҳоро дар Кодекси андози кишвар аз нав ба миён хоҳад гузашт. Зеро маҳз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ва болоравии сатҳи андозбандӣ буд, ки ҳазорҳо ширкатҳо муфлис шуда, миёни соҳибкорони зиёдеро шикаст. Ба қавли аксари соҳибкорон ва ҳатто коршиносону таҳлилгарон маҳз сабукиҳои андозӣ метавонанд, ба вазъи соҳибкорӣ беҳбуд бахшида, барои таъсиси ҷойҳои кории нав шароит фароҳам оварад, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар кунад ва қурби пули миллиро боло барад. Бояд иқор шуд, ки баландии сатҳи андозбандӣ на танҳо соҳибкорони тоҷик, балки сармоягузорони хориҷиро низ ба ташвиш оварда, соли равон якчанд ширкатҳои хориҷӣ аз тасмим худ роҷеъ ба тарки бозори Тоҷикитон карданашон хабар доданд. Ҳатто
Игор Лякин-Фролов
, сафири Русия дар Душанбе, аз гаронии андоз дар Тоҷикистон нигаронӣ карда гуфт, "сарбории молиёт фоидаву зиёни ширкатҳои русиро баробар кардааст". Ба қавли Игор Лякин-Фролов
"мавзӯи гаронии андоз ба андозае муҳим аст, ки метавонад сарнавишти ба фаъолияташон дар Тоҷикистон идома додан ё надодани ширкатҳои русӣ таъсир гузорад".
Фаромӯш набояд кард, ки дар айни замон Тоҷикистон дар ҷаҳон аз баланлдии андоз ҷойи сеюмро ишғол карда, аз баландии андоз наметавонад, ки сармоягузорони хориҷиро ба иқтисодиёти худ ҷалб намояд. Ҳатто гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (International Crisis Group – ICG), як созмони таҳқиқотӣ низ, ки авзоъ дар кишварҳои рӯбарӯ бо буҳрону хатари низоъро пайгирӣ мекунад, дар гузориши наваш, ки рӯзи 11 январ таҳти унвони “Ҳушдори пешакӣ ба Тоҷикистон" дар 16 саҳифа нашр шуд, вазъи Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, Тоҷикистонро "фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ" ном бурдааст. Яъне, фақиртарин кишваре, ки соҳибкоранаш баландтарин андозро дар ҷаҳон месупоранд. Агар дар паёми навбатӣ ин масъала аз нав бардошта шуда, ба соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорон гузаштҳо пешниҳод карда шуда, дар баробари ин барои паст кардани сатҳи андозбандӣ пешниҳод ироа шаванд, дар оянда вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар беҳтар хоҳад шуд. Дар акси ҳол беҳбудиеро дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон интизор шудан душвор мегардад.
Чизи дигаре, ки коршиносонро ба ташвиш овардааст, сол ба сол поён рафтани сатҳи истеҳсолии корхонаҳои кишвар мебошад. Ба қавли
Масъуд Собиров
, иқтисоддони тоҷик, "то замоне ки роҳ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон боз нашавад, мушкили иқтисодӣ гиребони кишваро раҳо нахоҳад кард. То ба ҳол саромоядорони мо ба тиҷорат машғуланд, чунки тиҷорат даромади бештар барояшон меорад. Аммо мо бояд вазъро ба таври усулӣ тағйир диҳем, то ки сармоядорон ба истеҳсолот рӯй оранд". Шояд агар дараҷаи истеҳсолии корхонаҳои Тоҷикистон боло рафта, Ҳукумат ба ҷои болобарии андоз сатҳи истеҳсолотро баланд мебардошт, ҳадди ақал 50 фоизи мардум бо кор таъмин шуда, сафи муҳоҷирони иҷборӣ камтар мешуд ва мо буҳронро бо ин ҳама бузургияш эҳсос намекардем. Интизор меравад, ки дар паёми навбатӣ ин масъала низ аз нав бардошта хоҳад шуд.
Масъалаи дигаре, ки соҳибкорон аз паём интизоранд, масъалаи кам намудани тафтишоти аз меъёр зиёди соҳибкорон ва ҷаримабандиҳои ҳангуфт аз тарафи мақомоти андоз мебошад. Агар ин масъала низ ҳаматарафа ҳалли худро ёбад, боварӣ аст, ки вазъи соҳибкории хурду миёна ва бузург рӯ ба беҳбудӣ хохад овард ва фирори соҳибкорон аз кишвар камтар хоҳад шуд. Дар чунин шароити буҳронӣ бояд Президенти кишвар дар паёми худ роҳҳоеро пешниҳод намоянд, ки пеши роҳи беқурбшавии пули миллӣ гирифта шуда, як барномаи мушаххаси баромадан аз буҳрони иқтисодӣ аз тарафи Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод пиёда карда шавад. Пеш аз ҳама бояд дастур дода шавад, ки сатҳи андозбандӣ поён оварда шуда, аққалан ба сатҳи андозбандии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон баробар карда шавад. Зеро маҳз андози баланд соҳибкоронро маҷбур намуда истодааст, ки тиҷорати худро ба Қирғизистону Қазоқистон кӯчонанд. Инчунин президент дар паёми худ ишора ба он кунанд, ки дар Тоҷикистон вазъияти фавқулодаи иқтисодӣ ҷорӣ карда шуда, иқтисодчиёни соҳибтаҷрибаи кишвар гирдиҳам оварда шаванд. Агар Президент дар паёми худ барои дар атрофии блоки иқтисодии ҳукумат муттаҳид намудани ҳамаи иқтисоддонҳои кишвар дастур диҳанд, он гоҳ ба фикри мо барномаҳо дар рӯи коғаз намемонанд ва кӯшишҳо воқеан самар хоҳанд дод. Интизор мешавем.
Муҳаммади НАЗАР