Ӯ мегӯяд, аз аҳволи муҳоҷирон ва азоби онҳо дар ғурбат огоҳ аст ва идома медиҳад, ки “зиндагии Тоҷикистон аз ҳисоби шумо аст”. Субҳони Сайид аз муҳоҷирон даъват мекунад, дар ғурбат хонаводаи худро фаромӯш насозанд ва пайваста аз аҳволи онҳо бохабар шаванд. Вай таъкид мекунад, агар пойи равон медошт, ҳатман ба Русия сафар мекард ва барои муҳоҷирон барномаи ҳунарӣ пешниҳод месохту "он чи дар дил дошт" ба онҳо мегуфт.
Дар ин паёми видеоӣ, ки чизе бештар аз 14 дақиқа аст ва аз сӯи Маркази тадқиқоти журналистӣ таҳия шудааст, Субҳони Сайид аз рӯзгори худаш ҳам ёд мекунад ва мегӯяд, аз 15-солагӣ рӯи саҳнаи ҳунар буд: “35 сол зиёд рӯи саҳна ҳастам, 28 сол дар Вазорати фарҳанг кор кардам, аммо имрӯз на қадр мекунанд ва на хабар мегиранд”.
Субҳони Сайид дар идома шеъри Абдувоҳиди Зеварро бо номи “Додо” қироат мекунад ва ашк мерезад. Ӯ мегӯяд, ба ин шеър оҳанг бастааст, аммо бо далели надоштани маблағ ва беморӣ наметавонад онро сабт намояд.