Суғд наздики 50 хориҷиро “депорт” кардааст
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, давоми соли сипаришуда 48 шаҳрванди хориҷиро аз қаламрави ҷумҳурӣ “депорт” кардаанд.
Зайнура Шарифова, сардори ин раёсат дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳангоми гузаронидани 17 санҷиш дар ширкат ва корхонаҳои муштарак, инчунин дар доираи марҳилаҳои якум ва дуюми амалиёти “Нелегал-2015” 124 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардидааст: “Мувофиқи давлатҳо, Ҷумҳурии Халқии Чин 57, Афғонистон 18, Молдова 12, Русия 10, Покистон 9, Қирғизистон 6, Ҳиндустону Узбекистон 3 ҳолатӣ, Туркманистон, Укроин, Эрон, ИМА, Булғория ва Гурҷистон 1-ҳолатӣ мебошад”.
Хонум Шарифова дар идома гуфт, ин афрод ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 48 нафарашонро аз қаламрави кишвар ихроҷ кардаанд.