Русия: Се шаҳрванди Тоҷикистон ҳамватани худро дуздида аз ӯ пулу нотбук хостаанд
Пулиси Одинтсово аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дастгиршудаҳо дар рабудани як табааи дигари Тоҷикистон ба хотири 25 ҳазор рубл ва ноутбук муттаҳам мешаванд.
“18 январ ба пулис иттилое мерасад, ки дар Одинтсово бо зӯр мардеро ба самти номаълум мебаранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса расида, маълум мекунанд, ки се шахси номаълум марди 58-соларо рабудаанд”,-менависанд расонаҳо.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод мардро бо сабукрави ВАЗ-¬21015 ба яке аз манзилҳои воқеъ дар шоҳроҳи Можай оварда, аз ӯ 25 ҳазор рубл ва ноутбук хостаанд. Пулис ин афродро дастгир ва муайян кардааст, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, соли таваллуди онҳо 1976, 1984 ва 1996 мебошад ва дар ҳеч ҷой кор намекунанд.