Шарҳи сардори пулиси Хатлон: Мо риштарошӣ не, фаҳмондадиҳӣ кардем
Баҳром Шарифзода, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон бозтоби хабар дар бораи тарошидани риши мардум аз сӯи пулисро нодуруст хонд.
Дар ҳоле ки расонаҳои маъруфи Ғарб, ҷаҳони Араб, Русия ва Ҳинду Покистон аз тарошидани риши наздики 13 ҳазор мард аз сӯи пулис дар ҷануби Тоҷикистон хабар додаанд, Шарифзода мегӯяд, мо риши касеро натарошидаем, балки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаем.
Аз ҷумла торнамои телевизионии “Ал Алҷазира” тарошидани риши 12 ҳазору 818 тан аз мардон ва кашидани сатри 1 ҳазору 700 зан дар Хатлонро “талоши масъулини ҳукумат дар заминаи мубориза алайҳи ифротгароӣ” гуфтааст. Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, "роҳабарияти дунявии Тоҷикистон муддатҳост аз як раванди нохушоняд, ки аз Афғонистон маншаъ мегирад, ҷилавгирӣ мекунад”. Ба ин тартиб, расонаҳои маъруфи дигари англисзабон ба монанди “The Times of India”, “TIME”, “EurasiaNet”, “Global Voices Online”, “ВВС” ва даҳҳо расонаи дигари ҷаҳон хабари риштароширо бозтоб додаанд.
Аммо Шарифзода дар шарҳи ин хабар, ки аз нишасти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бархост, изҳор дошт: “Зимни нишасти матбуотӣ мо қайд намудем, ки РКД дар вилояти Хатлон бо ҳокимияти маҳаллӣ, маҳҳаллаҳо, ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи вилоят ҳамкории зич дошта, бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум кори хешро пеш мебарем. Соли гузашта маҳз бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 12 ҳазору 818 мард риши хешро ба тартиб дароварда, 1773 зан аз пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона даст кашиданд. РКД касеро дар ин кор маҷбур накардааст ва ин интихоби худи онҳо буд. Мо ҳамеша дар ҳама кору пайкор бо мардум ҳамкорӣ мекунем”.
Қаблан мақомоти умури дохилии Хатлон гузориш доданд, ки соли 2015 дар вилоят 1773 зан аз пӯшидани сатр даст кашиданду наздики 90 фоҳишаи сатрпӯшро ошкор кардаанд. Сардори пулиси Хатлон инчунин илова намуда буд, ки соли гузашта риши 12 ҳазору 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардаанд.