16 ноболиғ дар шимоли Тоҷикистон модар шудаанд
Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз наздики 20 ҳолати таваллуд кардани духтарони ноболиғ хабар дод.
Муқаддам Ҳошимова, сардори ин ниҳод дар нишасти хабарии солонаш дар шаҳри Хуҷанд гуфт, тайи соли 2015 дар шимоли кишвар 16 ҳолати таваллуд кардани бонувони ноболиғ ба қайд расидааст. Ба қавли ӯ, бештарин ин ҳолатҳо ба шаҳри Исфара рост меояд. Дар ин шаҳр 4 чунин ҳолат ба сабт шудааст: “Дар Хуҷанд 3 адад, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом 2 ҳолатӣ, Спитамен, Панҷакент ва Куҳистони Мастчоҳ 1 ҳолатӣ мебошад”.