Байдуллоева: Дар мавриди январ хато шуд, аммо февралу март гарм меоянд...
Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 19 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эълон кард, ки зимистони имсола то охир гарм хоҳад буд.
Байдуллоева изҳор дошт, ки якҷоя бо обуҳавошиносони Русия пешгӯӣ карда буданд, ки моҳи январ дар Тоҷикистон нисбатан хунук хоҳад омад, аммо ин пешгӯияшон хато баромад: “Аз рӯи пешгӯие, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони Маркази ҳавосанҷии Русия дар моҳи ноябр омода кардем, дар ҳақиқат ҳам зимистони имсола гарм меояд, вале пешгӯии онҳо нисбати моҳи январ каму беш хатоӣ нишон дод. Аз руи пешгуии мавсимӣ, ки дар Маркази ҳавосанҷии Русия тайёр кардем, январ бояд ба меъёр наздик ё аз меъёр як дараҷа хунуктар меомад. Вале баъдан вақте мо дар моҳи декабр пешгӯиро барои моҳи январ омода кардем, аллакай моделҳои гидродинамикӣ нишон доданд, ки не ин моҳ ҳам нисбатан гарм меояд ва дар ҳақиқат ҳам то имрӯз нисфи моҳи январ сипарӣ шуд ва аз меъёри муқаррарӣ то ду дараҷа ҳарорати шабонарӯзӣ дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ гарм аст ва то охири моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳаво гарм хоҳад шуд”.
Номбурда мегӯяд, тибқи маълумоти пешакӣ дар баландкӯҳҳои Бадахшон ва як қатор навоҳии тобеи марказ низ ҳарорат аз меъёри муқарарӣ гарм аст: “Танҳо дар қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Варзоб то Анзоб эҳтимолияти бисёртар боридани барф дар назар аст. Лекин дар вилояти Бадахшон ва қисматҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ аз руи пешгуи то моҳи феврал гарчанде каму беш аз меъёр зиёд боришот пешбинӣ шудааст, вале дар асл дар қисматҳои вилояти Бадахшон ва қисматҳои куҳии тобеи марказ барф кам борид”.
Ба иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон моҳи феврал низ моҳи гарм аст ва март ҳам 1 то 1,5 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ гарм хоҳад шуд: “Дар маҷмуъ зимистони имсола гарм хоҳад буд”.