Мири барканоршудаи Маскав Юрий Лужков эҳтимол дорад, барои ҳозир нашудан дар баррасии парвандаи пурсарусадои "Банк Москви" муҷозот шавад.
Дар ин бора маркази матбуотии департаменти тафтишотии ВКД-и Русия хабар пахш кардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаи хабар Юрий Лужков расман ба муфаттиши парванда мактуб дар хусуси ҳозир шуда натавонистанаш барои бозпурсӣ ва бурдани корҳои тафтишотӣ бар асари аз ҳудуди Русия берун буданаш ирсол кардааст. Аз ин рӯ корҳои тафтишотӣ ва бозпурсӣ аз санаи 28 октябр ба санаи дертар вогузошта шудааст. Дар сурати ин навбат ҳозир нашудан ба "иштирокчии парвандаи ҷиноӣ оиди саркашӣ аз ширкат дар корҳои тафтишотӣ тибқи қонунгузории ҷиноии мурофиавӣ чораҳо андешида хоҳад шуд", -омадааст дар хабар.
Муфаттишон мехоҳанд бо мири барканоршуда дар бораи дуздии беш аз 13 миллиард рубл аз "Банк Москви" сӯҳбат намоянд. Аммо худи Лужков ба хабаргузориҳо изҳор кардааст, ки ин тадобир дар қиболи ӯ оҳанги сиёсӣ дошта, ҷавобан ба чанд гуфтаҳои охираш дар матбуот амалӣ мешавад.{jathumbnail off}