Талоши “Фароз” барои гирифтани бозори шираи камол
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар додани иҷозатнома барои ҷамъоварии шираи камолро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ибодзода имрӯз, 19 январ, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан ширкатҳои Фароз,Минуфар, Авесто ва Собир барои гирифтани иҷозатномаи ҷамъоварии шираи камол дархост кардаанд: “Мо номзадии ширкатҳоро ба ҳукумат пешниҳод кардем ва феълан ин масъала дар баррасии ҳукумат аст”.
Ин дар ҳолест, ки аз соли 2008 инҷониб бо фармони раисиҷумҳур ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол, ки дар тиб васеъ истифода мешавад, ба хориҷи кишвар маҳдуд шудааст. Пас аз ин фармон "Фароз" ягона ширкате буд, ки дар Тоҷикистон ба коркард ва фурӯши ин гиёҳ машғул буд, аммо дар соли 2013 барои ин ширкат низ дар ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд.