Шоҳиён: Эътирозу шикоят аз ҳалномаи додгоҳҳои зинаҳои поёнӣ зиёд шудааст
Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши эътирозу шикоятҳои мардум аз ҳалномаи додгоҳҳои зинаҳои поёнӣ хабар дод.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳии олии Тоҷикистон 18 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, соли 2015 ба Суди олӣ “2 ҳазору 655 арзу шикоят ва эътирози шаҳрвандон ворид шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 305 адад ё 13% афзоиш ёфтааст”.
Ӯ мегӯяд, аз 2412 шикояти баррасишуда, 1130 адади он ба омӯзиши парвандаҳо ҳаллу фасл гардида, 243-тои дигар мавриди баррасӣ қарор дорад: “Аз миқдори шикоятҳои ҳаллу фаслгардида 1057-тои он парвандаҳои гражданӣ, 472 адад парвандаҳои оилавӣ, 852 марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 31 адад вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд”.
Ҷаноби Шоҳиён шикоят аз қарори додгоҳҳои поёниро ҳаққи конститутсионии шаҳрвандон хонда, таъкид дошт, сокинон дар сурати розӣ набудан аз ҳукми зинаҳои поёнӣ метавонанд ба Додгоҳи олӣ шикоят баранд.