Ронандаи “Опел-Астра” сабаби ҳалокати духтари 20-сола шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як ҷавондухтари 20-сола дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, 18 январи соли 2016 ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба ҷониби шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор “бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, ҷавондухтари 20-солаи сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст”.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.