Эрониҳо мегӯянд, толори футзали Тоҷикистон муносиб нест
Муҳаммаднозим Алшариъа, сармураббии тими миллии футзали Эрон гуфтааст, эҳтимол урдуи ин кишвар дар Тоҷикистон лағв шавад.
Ӯ бо ишора ба гузориши намояндаи футзали Эрон аз Тоҷикистон гуфтааст: “Намояндаи футзал эълон кард, ки майдони толор муносиб нест. Барои ҳамин имрӯз ҷаласаеро бо раиси кумитаи футзал баргузор мекунем, то дар ин бора тасмимгирӣ намоем. Агар сафар ба Тоҷикистон лағв шавад, ниёз ба як урдуи дигар хоҳем дошт ва эҳтимол урдуро дар яке аз шаҳрҳои Эрон барпо кунем”.
Қаблан, Алшариъа дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, шароити молӣ хуб нест ва ба ин далел дар урдуи Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ӯ он замон дар бораи шароити тими миллӣ ва далели ҳузур дар урдуи Тоҷикистон чунин гуфта буд: “Акнун дар федератсия баҳсҳои молӣ ҳарфи аввалро мезанад ва мо дар ин шароити сахт имкони баргузории урди зиёдро надорем ва ба ин далел дар урдуи Тоҷикистон ширкат мекунем, ки ҳазинае барои мо надорад”.