Занҷонӣ: Аз Тоҷикистон алюминий гиред, пулашро ман медиҳам
Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, барои пардохти қарзаш ба ширкати нафтии “НК”-и Эрон боз як моҳи дигар муҳлат хостааст.
Дар ин бора Расул Куҳпоязода, вакили дифои Занҷонӣ хабар дода, афзудааст, ки зерҳимояаш барои ҳисоббаробаркунӣ ба ширкати “НК” пешниҳод намудааст, ки аз Тоҷикистон алюминий харад. Занҷонӣ гуфтааст, “шумо алюминийро аз Тоҷикистон таҳия кунед ва ман аз маҳалли пулҳо ва эътиборе, ки дар Тоҷикистон дорам, пулашро медиҳам”.
Ба қавли вакили Занҷонӣ, алюминий баъд аз пӯлод бештарин масрафро дорад ва давлат ҳам ба он ниёз дорад. Дар баробари ин Расул Куҳпоязода гуфтааст, ки Бобак Занҷонӣ 20 рӯз пеш бо мақсади табодулоти бонкӣ феҳристи 17 бонкро ироа кардааст, аммо то кунун аз Бонки марказии Эрон посухи расмӣ нагирифтааст. Дар пайи ҷаласаи ахир вакили дифои Бобак Занҷонӣ имрӯз, 18 январ ба расонаҳо гуфтааст, ки шӯъбаи 15-и Додгоҳи инқилоби исломӣ дархости Бобак Занҷониро дар мавриди тамдиди муҳлати пардохти қарзи ширкати нафт қабул кардааст.
Бар асоси қабули ин дархост Занҷонӣ барои пардохти қарз ба ширкти нафти “HK” як моҳи дигар муҳлат дорад. Бобак Занҷонӣ мутаҳҳам аст, ки дар замони раёсатиҷумҳурии Маҳмуд Аҳмадинажод бахше аз нафти Эронро фурӯхта, пулашро ба Вазорати нафт надодааст. Дар парвандаи вобаста ба қарзҳои Занҷонӣ аз ширкати нафти “HK” омадааст, ки ӯ ба пардохтани беш аз 2 миллиард евро ба паймонкорони Вазорати нафт муваззаф шудааст.
Занҷонӣ аз сармоядорони эронӣ аст, ки ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” низ дар Тоҷикистон ба ӯ нисбат дода мешаванд.