Бештари ҳолатҳои нақзи қонуни марбут ба замин ба Суғд рост меояд
Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир 10 ҳазору 978 ҳолати нақзи қонунҳои марбут ба заминро ошкор кардаанд.
Дилшод Назуров, сардори Раёсати назорати давлатии замин имрӯз, 18 январ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, аз 10 ҳазору 978 ҳолати қонуншикании замин нисбати 9 ҳазору 536 ҳолат дастур, 7 ҳазору 594 ҳолат протокол ва қарорҳои ҷаримавӣ қабул шуда, ба маблағи 2 миллиону 628 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима баста шудааст: “Ҳазору 86 мавод ба таври маҷбурӣ ситонида шуда, ба судҳо ирсол карда шуданд. 7 ҳазору 102 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид”.
Ба гуфтаи Назуров, бештари қонуншиканиҳо дар вилояти Суғд ва камтаринаш дар шаҳри Ваҳдату ноҳияи Файзобод ба қайд расидааст: “3 ҳазору 39 ҳолат дар вилояти Суғд, 5 ҳазору 23 ҳолат дар вилояти Хатлон, 200 ҳолат дар вилояти Бадахшон, 581 ҳолат дар шаҳри Душанбе, Тавилдара 30 ҳолат, Ҷиргатол 45, Варзоб 190 ҳолат ва Ваҳдат, Тоҷикобод, Рашт, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ба қайд гирифта шудааст”.
Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, назорати заминҳои наздиҳавлигӣ, ки баъзеҳо соҳиби 2-3 замин мешаванд, аз мақомотҳои маҳал вобастагӣ дорад: “Бояд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва шӯъбаи корҳои дохилӣ назорати инро амалӣ кунанд. Масъалаи худсарона ишғол намудани замин албатта ба дӯши мо аст”.