Додгоҳи Олӣ: Ҳукми зиндони Ёқуб Салим тамдид нашудааст
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 18 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе овозаҳо перомуни тамдиди муҳлати ҳабси Ёқуб Салим, вазири пешини умури дохилии кишварро рад кард.
Ҷаноби Шоҳиён таъкид намуд, ки Додгоҳи олӣ муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро тамдид накарда ва ҳеч ниҳоде ҳаққи дароз кардани ин муҳлатро надорад. Ӯ дар мавриди санаи раҳоии ин зиндонӣ гуфт, ин мавзӯъ дар салоҳияти Вазорати адлия аст ва бояд он ниҳод посухашро бигӯяд.
Додситонии генералии Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 эълон кард, то анҷоми муҳлати ҷазои Ёқуб Салим ҳудуди як соли дигар мондааст. Раҷабалӣ Пираков, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ гуфт, Ёқуб Салим дар муассиси тафтишотии Вазорати адлия адои ҷазо дорад: “То анҷоми муҳлати ҷазояш қариб як сол мондааст. Бо адо намудани муҳлати ҷазо аз боздошт озод мешавад.”
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.
Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монд.