2,5 пешниҳод ба ёвари Президент
Иршод СУЛАЙМОНӢ
(Чанд сухане, ки бояд дар хатми Анҷумани XIV-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфта мешуданд)
Шанбеи 16 январ Анҷумани XIV-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор ва Зинатуллоҳ Исмоилиён раиси нави он интихоб гардид. Дар Анҷуман бештарини рӯзноманигорон барои аз байн бурдани табақабандии расонаҳо ба давлативу ғайридавлатӣ таъкид намуда, аз намояндаи давлат -- Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хоҳиш мекарданд, ки дар ин росто вориди амал шаванд. Ман низ ба раёсати нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ёвари раисҷумҳур, ҷаноби Раҳмонзода 2,5 пешниҳод доштам, ки бояд дар шакли нуқтаназар пешниҳод мекардам. Аммо чун ҷаноби Раҳмонзода баъди анҷоми суханронӣ бо далели ҷаласа доштанашон, рафт, ман ҳам дархостеро, ки барои суханронӣ дода будам, пас гирифтам. Зеро мухотаби нуқтаназари ман мушаххас буд ва бе ҳузури эшон он пешниҳоди бесуроғаро мемонд. Имрӯз тасмим гирифтам, назаротамро аз тариқи расона изҳор кунам ва барои ифодаи таъкид дар даруни нохунак биёварамшон:
“Иршод Сулаймонӣ, вакил аз гуруҳи расонаҳои “Озодагон”. Дар қадами аввал аз ҳамаи ҳамкасбону ҳамқаламону ҳамаламон ташаккур мекунам, ки як раис ва раёсати шоистаро интихоб карданд. Ва барои раис ва раёсати нав таманнои кори ҳалол мекунам ва умедворам ба нафъи миллату давлат хидмат кунанд. Ҳамчунин, як ташаккури хос ба ҷаноби Раҳмонзода Абдуҷаббор, ки ҳарчанд эшон ёвари идеологии раисҷумҳур мебошанд, вале ба баррасии масъалаи муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳо на аз нуқтаназари идеологӣ, балки бештар аз зовияи илмӣ пардохтанд. Ва ҳар касе таваҷҷуҳ карда бошад ҳамин шакли тафаккуре, ки Раҳмонзода ба намоиш гузоштанд, агар хосияти амалӣ бигирад ва ҳама мансабдорони мо чунин як тафаккурро на дар суханронӣ, балки дар воқеият нишон бидиҳанд, ба нафъи давлату миллат хоҳад буд. Хусусан дар ҳамин шабу рӯз, ки фаъолияти расонаҳо ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ вориди буҳронитарин марҳила шудааст.
Пешниҳодоте, ки мехостам дар шакли нуқтаназар баён кунам:
1. Дар мавриди табақабандии расона ва рӯзноманигорон. Инҷо як чизро бояд, бигӯям, ки хеле сол мешавад ба таҳқиқи журналистикаи сиёсӣ машғулам ва дар ин замина баъзе аз осори мунташира дар кишварҳо ва донишгоҳҳои ғарбиро низ мутолаа кардаам. Дар натиҷаи ҳамин омӯзиш ба хулосае расидам, ки расонаҳо на аз нигоҳи илмӣ (назариявӣ) ва на аз нигоҳи қонунӣ наметавонанд, ки мухолиф, яъне оппозитсиюни ҳукумат бошанд. Балки ба андешае расидам, ки ҳокимияти иҷроия бояд расонаҳоро ба сифати ёвар ва ҳамкори худ дар мудирияти давлат бишносад. Аз сӯйи дигар расонаҳо бояд дар мавриди муваффақияти ҳукумат самимона истиқбол кунанд ва дар мавриди камбуд ва номуваффақияташ интиқод дошта бошад ва ҳатто интиқоди шадид. Яъне, гуфтан мехоҳам, ки барои он ки ҳамин табақабандӣ аз байн биравад бояд навъи нигоҳ ва тафаккур тағйир дода шавад. Дувум, бояд ҳамин табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо барҳам дода шавад. Барои мисол дар моддаи 7-и қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” омадааст: “Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд”. Ҳамин гуна табақабандии қонунӣ дар қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” то андозае аз миён бардошта шуд. Барои ҳамин пешниҳод мекунам, ки ҳамин гуна табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо ихроҷ шаванд. Албатта, сабабҳои ба тафаккур табдил шуданди ҳамин пиндор омилҳои дигаре низ доранд ва таҳлили илмиву сиёсии амиқ мехоҳанд, ки ҷояш ин Анҷуман нест;
2. Дар ин ҷо дар мавриди меҳвари сиёсати давлат ва президент будани масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва нақши расонаҳо дар тарвиҷи он сухани бисёре гуфта шуд. Барои он ки Иттифоқи журналистон дар раванди ҳамин ҳаракат иштироки фаъол дошта бошад, пешниҳод дорам, аз нафароне, ки минбаъд ба узвияти иттифоқ пазируфта мешаванд ба таври қотеъ талаб шавад, то ном ва номи хонаводагии худро ба шакли миллӣ тағйир диҳанд. Ҳамчунин, ки ҳоло бар асоси қарори Анҷуман масъалаи номнавсии дигарбораи аъзо пешбинӣ шудааст ва ба аъзои собиқадор ҳам тавсия дода шавад ба номгузории миллӣ эҳтиром бигузоранд;
2,5. Ва ба унвони ним пешниҳод, аз ҷаноби Раҳмонзода мехоҳам барои тезтар гум шудани табақабандие, ки дар боло тавсиф шуд, дар сафарҳои дохилию хориҷии Президенти Тоҷикистон журналистони расонаҳои бонуфузи ҷамъиятиву хусусиро низ ворид кунанд. Бисёр мехостам, ки на роҳбарони расонаҳо, балки рӯзноманигорони эҷодиро, ки ҳатман ин сафарҳоро ба таври мудовим пӯшиши хабарӣ бидиҳанд. Афғонистон дар назари мо қашоқтарин кишвар аст, вале дар сафари тобистони соли 2015-и Раиси иҷроияи ин кишвар, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ шоҳид будам, ки аксари рӯзноманигорони расонаҳои хусусиву ҷамъиятии бонуфузи ин кишвар аз ҳисоби давлат ширкат доштанд. Бори дигар ба раис ва раёсати нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барори кор мехоҳам”.