Коршинос: Ба муносиботи Теҳрону Душанбе ҷараёнҳои давлатҳои сеюм таъсир доранд
Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ, коршиноси аршади масоили стратегии Эрон гуфтааст, ҷараёнҳои кишварҳои саввум дар талошанд, муносиботи Душанбе ва Теҳронро хадшадор ва масъаласоз кунанд. Ин нуктаро ӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” изҳор доштааст.
Ҷаноби Кулайнӣ гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ-ро яке аз ин ҷараёнҳо хондааст. Ӯ мегӯяд, “нуктае ки бояд диққат кард, ин аст ки агар ба таҳаввулоти гузашта баргардем, хоҳем дид, дар гузашта дар бахшҳое аз Тоҷикистон ҳатто ҷараёноте аз қабили ДИИШ то ҳадди пулиси вижа нуфуз карда ва дар ин хусус ҳатто бо неруҳои террористӣ дар Сурия ҳам эъломи байъат доштанд”. Дар идома меафзояд: “Ин як намунае аст, ки чӣ гуна унсури ДИИШ ва кишварҳое, ки тавлидкунанда ва ташвиқгари ин ҷараёни террористӣ ҳастанд, ба нуқоте аз системаи пулис ва амнияти Тоҷикистон нуфуз кардаанд”.
Ҳарчанд ин коршинос аз касе ном набурда, аммо метавон ҳадс зад, ки ишораи ӯ дар мавриди пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини “ОМОН” ё Дастаи таъиноти махсуси ВКД ба саффи ДИИШ аст. Ҳалимов охири моҳи майи соли сипаришуда бо нашри як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.
Ба иддаои Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ, бархе аз дастҳо дар дохили давлат ва дохили ниҳодҳои Тоҷикистон талош доранд, то муносиботи хоричии ин кишваро таҳти таъсир қарор бидиҳанд: “Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон дар шароити феълӣ дучори мушкилоти хоси иқтисодӣ аст. Шароити номатлуби иқтисоди Русия ва бозгашти мавҷе аз муҳоҷирин дар канори коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар ва мушкилоте ки дар баробари тарҳҳои калони иқтисоди монанди КАСА-1000 вуҷуд дорад, дар ниҳоят мунҷар ба бурузи бархе сенарияҳои ҳидоятшуда аз сӯи душманоне гардида, то Тоҷикистонро зайиф ва муносиботи Душанбе бо бархе кишварҳо, аз ҷумла Эронро дучори хадша кунад”.
Роҳҳалҳои бурунрафти Душанбеву Теҳрон аз мушкили мавҷуда ба қавли ин коршинос “дарки муштараки масъулин ва гом бардоштан ба самти беҳбуди шароит” мебошад: “Тоҷикистон бояд аз ин масъала огоҳ бошад, ки дар сурати ҳаргуна фосилагирӣ аз Эрон, худзании тамаддунӣ мекунад. Ва ин мавзӯъро бояд диққат кард, ки баъзе вақтҳо мавзеъгириҳои сареъ ва содаандешона ва ё коршиносинашудаи бархе аз афрод, ҳеч кумаке ба беҳбуди шароит нахоҳад кард”.
Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ дар поёни суҳбаташ бо ин хабаргузорӣ гуфтааст: “Тоҷикисон ба ҷиҳати ғалаба бар мушкилоти иқтисодӣ амалан вориди як саре бозиҳои минтақаӣ мегарадад”.