Созиш дар бораи 520 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аалӣ Карашев, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон лоиҳаи қарордод дар бораи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст.
Тибқи иттилои Карашев ду кишвар то ҳол 519.9 километри марзро муайян намуда, созиш кардаанд.
Муовини нахуствазири Қирғизистон аз ҳукумати кишвараш дархост кардааст, қарордод дар бораи 519.9 километр марзро барои ирсол ба парлумон тасдиқ кунад. Дар ҳамин ҳол Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, пас аз тасдиқ дар парлумон марз дар харита нишон дода мешавад.
Ба гуфтаи Карашев, ҳоло 396 километр ё 40 фоизи марз бо Тоҷикистон номуайян мондааст.