“Тоҷикстандарт”: Санҷишу насби ҳисобкунакҳо вазифаи “Барқи тоҷик” аст
Раёсати оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар посух ба суоли “Озодагон”, ки бархе аз масъулини барқ барои насбу ташхиси ҳисобкунакҳои барқӣ аз сокинон маблағ мегиранд, изҳор дошт, ки тибқи қонунгузорӣ ин вазифаи ширкати “Барқи тоҷик” аст.
Миралӣ Олимзода, муовини аввали директори “Тоҷиктсандарт” дар посух ба суолои “Озодагон” изҳор дошт, ки тибқи қонун дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунанда, “Барқи тоҷик” уҳдадор аст, ки мизоҷонро ройгон бо ҳисобкунак таъмин кунад: “Часпондан ва аз назорати давлатӣ гузаронидани воситаи ченак ба зиммаи “Барқи тоҷик” мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон шикоят мекунанд, ки баъзан масъулини барқ ташхису насби ҳисобкунакҳои барқиро ба зиммаи мизоҷон вогузор мекунанд.
“Тоҷикстандарт” мегӯяд, соли 2015 122 ҳазору 449 ҳисобкунаки барқиро санҷида, муайян кардаанд, ки 474 ададашон ғайристандартӣ мебошанд.