Оғози Анҷумани иттифоқи журналистон бо лаҳзаи хомӯшӣ
Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз, 16 январ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа ба кори худ оғоз кард.
Анҷуман бо дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири марҳум Акбари Саттор ва 60 журналисте, ки аз анҷумани гузашта то ҳол фавтидаанд, оғоз гардид: “Дар кори анҷуман аз 175 вакил 168 нафарашон иштирок доранд”.
Дар назар аст, ки вакилон дар ин ҳамоиш раиси нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро интихоб мекунанд.