Боздошти марди 46-сола бо ёқут дар шаҳри Хоруғ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 46-сола дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи Вазорат боздоштшуда сокини ноҳияи Ишкошим буда, зимни кофтукоб аз ӯ 389,5 грамм сангҳои қимматбаҳои ёқут, дарёфт ва мусодира карда шуд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Се моҳи қабл мақомоти Тоҷикистон аз боздошти сокини 36-солаи ноҳияи Мурғоб бо 2 кило сангҳои қимматбаҳои навъи ёқут хабар дода буданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо зикри ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодисаҳо, таъкид мекунад, ки “тибқи моддаи 284-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад”.