Ташкили мактаби махсус барои “интеллектуал”-ҳо дар Тоҷикистон
Дар пайи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Академияи улуми кишвар мактаби махсуси зеҳнӣ таъсис ёфтааст.
Тавре аз Академияи улум ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба ин мактаб 500 хонанда аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон кашф ва ҷалб карда мешаванд.
Раёсати Академия мегӯяд, самти асосси фаъолияти мактаб ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ равона шудааст: “Ҳадафи асосӣ ин аст, ки барои хонандагони боистеъдод шароити сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам шавад, то таълим гиранду дар оянда битавонанд манфиатҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя кунанд”.
Ба иттилои манбаъ феълан сохтмони бинои мактаби махсус аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар шаҳри Душанбе идома дорад.