Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду масъули комиссияи тиббӣ, ки ҷавони маризро аскарӣ фиристодаанд
Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе алайҳи ду масъули комиссияи тиббии комисариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт, ки як ҷавони беморро ба артиш фиристодаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” гуфт, Абдукарим Толибов, раҳбари комиссияи тиббии комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва духтури касалиҳои дарунӣ -- Матлуба Самадова, аъзои ин комиссия, дар “хунукназарӣ” муттаҳам мешаванд. Ба иттилои ӯ, ин ду нафар Эмомиддин Холов, як сокини ноҳияи Раштро, ки тариқи “облава” боздошт шуда ва аз бемории гурда ранҷ мебурдааст, ба артиш фиристодаанд.
Эмомиддин Холов, ки ҳоло ба дарди шадиди гурда гирифтор аст ва фавран ба пайвандсозии гурда ниёз дорад, моҳи ноябри соли 2015 ба “Озодагон” гуфта буд, баъди 12 рӯзи хидмат дар артиш пойҳояш варам карданд: “Дар беморхонаи ҳарбӣ дар Помир ду моҳ хоб будам, беҳбудие нашуд, баъдан Қарияи боло ва Медгородок омадам, аммо бемориам рӯз то рӯз авҷ гирифт. Дар охир баъди вазнин шудани вазъи саломатиам муайян карданд, ки гурдаҳоям қариб аз кор мондаанд”.
Насриддин Холов, бародари Эмомиддин дар суҳбати телефонӣ имрӯз, 15 январ ба “Озодагон” гуфт, аз раҳбари комиссия тиббии комисариати ҳарбӣ ва духтуре, ки бародарашро солим гуфта ба хизмат фиристодааст, хостаанд, маблағи табобати ӯро пардохт кунанд: “Гуфтем, агар харҷи табобатро бар уҳда гиред, аз даъвоямон мегузарем, аммо онҳо рад карданд”.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Эмомиддин Холов мегӯяд, тамоми маводи марбут ба ин қазияро ба ихтиёри Додситонии гарнизони ҳарбӣ супурда ва интизори баррасиҳои додгоҳиянд.
Бино ба ташхиси табибон як гурдаи Эмомиддин Холов комилан аз кор мондаву гурдаи дигараш ҳамагӣ 10-15 дарсад кор мекунад. Эмомиддин дар як муроҷиати видеоӣ тавассути “Озодагон” барои ҷарроҳии гурдаҳояш аз Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шахсони саховатманду ташкилотҳои хайриявӣ хоҳиши кумак карда буд. Бародари Эмомиддин имрӯз ба “Озодагон” гуфт, саломатии ӯ рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
Дар акс Эмомиддин Холов