Раиси “Тоҷикстандарт”: Муайян кардем, ки пӯсти мурғ заҳрнок аст
Қурбониён Ибодулло Карим, директори оҷонсии Тоҷикстандарт мегӯяд, воридоти пӯсти мурғро, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок дорад, манъ кардаанд, аммо бархе соҳибкорон онро тариқи қочоқ ворид намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд.
Қурбониён имрӯз, 15 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, пусти мурғро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия ворид шуда, дар истеҳсолоти ҳасиб истифода мешуд, мамнуъ эълон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии қаблӣ истифодаи пӯсти мурғ дар маҳсулоти ҳасиб иҷозат буд: “Мо ҳуҷҷатҳоро санҷида, таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхтем, ки пӯсти мурғро дар маҳсулоти хӯрока истифода намебаранд. Мо дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дахлдор воридот ва истифодаи пӯсти мурғро манъ кардем”.
Раиси агентӣ гуфт, бо вуҷуди гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истеҳсолкунандаҳои ҳасиб 3-4 ширкат ба воридоти пӯсти мурғ даст заданд. Қурбониён афзуд, ки масъулини Агентӣ аз воридоти беш аз 80 тонна пӯсти мурғ ба бозори истеъмолӣ ҷилавгирӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз бевиҷдонии бархе соҳибкорони тоҷик интиқод намуд, ки барои истеъмоли мардум маводи заҳролуду ҳар гуна “ахлот”-ро ворид мекунанд. Ӯ аз боздошти як соҳибкори инфиродӣ зикр кард, ки дар ҳуҷҷатҳо глюкоза гуфта, амалан аз Эрон пусти мурғро ворид мекардааст. Оқои Ғоиб афзуд, ки ин маҳсулот дар он кишварҳо истеъмол намешавад, он ҳамчун ахлот меравад: “ Аммо бархе соҳибкорони мо онро ворид карда, аз он ҳасиб, як намуди ғизо-киевски катлет ва инчунин “куриний шашлик” мепазанду ба мардум пешниҳод мекунанд”.