Бузу гӯсфанд ба ҷойи маош
Иттиҳодияи давлатии “Туркменмаллари”, ки ба парвариши чорво дар Туркманистон машғул аст, тасмим гирифтааст ба кормандонаш ба ҷойи маош бузу гӯсфанд бидиҳад.
Масъулони ин идораи давлатӣ далели ин иқдомро таъсири буҳрони молӣ гуфтаанд. Султон Ачилов, як чорвопарвари туркман ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ӯ ба кормандони худ як гӯсфандро муодили 270 манати туркманӣ медиҳад. Ба гуфтаи ин чорвопарвар, кормандонаш пас аз фурӯши буз ё гӯсфанд дар бозор соҳиби пули нақд мешаванд: “Касе 10 манат ва бархе ҳам 20 манат арзонтар мефӯрушанд”.