Президент имзо кард: Тамоми тамосҳои байналмилалӣ ва интернет тариқи “Тоҷиктелеком” мегузаранд...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори ҳукуматро имзо намудааст, ки тибқи он тамоми мухобироти интернетию мобилӣ бояд тариқи маркази ягонаи комутатории ширкати “Тоҷиктелеком” гузаранд.
Дар қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон 30-юми декабри соли 2015 имзо намудаст, ҳадаф назорат ва танзими трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет арзёбӣ шудааст: “Тамоми хизматрасониҳои байналхалқии алоқаи барқӣ ва интернет бояд тариқи маркази ягонаи комутаторӣ гузаранд, ки дар назди ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ташкил шудааст”.
Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки иҷрои ин қарор барои ширкатҳои бозори мухобиротии кишвар ҳатмӣ мебошад ва Хадамоти алоқаро муваззаф намудааст, ки дар соли 2016 иҷрои марҳила ба марҳилаи қарорро таъмин кунад.
Ташаббуси ташкили маркази ягонаи комутаторӣ ҳанӯз соли 2006 ба миён гузошта шуд, аммо дар пайи эътирозҳои ширкатҳои мобилӣ, коршиносон ва бархе аз масъулини зиддимонополӣ ҳукумати Тоҷикистон низ аз ташкили он даст кашид. Он замон бархе аз коршиносону созмонҳои байналмилалӣ ин тарҳро талош барои назорати бозори мухобирот арзёбӣ карданд.
Дар акс: Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон