Нохушиҳо дар Роғун 3 куштаю 6 маҷруҳ барҷой гузоштаанд
Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи кӯҳкорӣ мегӯяд, соли гузашта дар пайи нохушиҳо дар ҷои кор 13 нафар ҷон дода, 15 каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Санъат Раҳим, имрӯз, 15 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки соли 2015 дар рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун 3 нафар ҳалок шуда, 6 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи ӯ миёни маҷруҳшудагон 2 шаҳрванди Эрон ва 2 шаҳрванди Чин мебошанд.
Раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ суст будани интизоми меҳнат, техникаи бехатарӣ, фарсуда шудани таҷҳизот, нагузаштан аз экспертизаи бехатарии саноатиро сабаби асосии нохушиҳои маргбор донист.
Ӯ таъкид намуд, ки шахсони масъули корхонаҳоро барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 332 ҳазору 470 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки нисбати соли 2014 қариб 3 баробар зиёд мебошад.