Рустами Эмомалӣ президент боқӣ монд
Рустами Эмомалӣ курсияшро дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳифз кард. Ҳамаи 64 вакиле, ки ҳаққи овоздиҳӣ доштанд, аз президенти ин ниҳод боқӣ мондани ӯ ҷонибдорӣ карданд.
Имрӯз, 15 январ дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи кишвар баргузор шуд, ки дар он Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти ФФТ интихоб гардид. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар Рустами Эмомалӣ ягона номзад ба ин мақом буд, аз ин хотир овоздиҳӣ ба таври боз сурат гирифт.
Қабл аз эълони натоиҷи овоздиҳӣ президенти ФФТ аз натиҷаи кори федератсия тайи солҳои 2012-2015 ҳисобот дод.
Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 5 январи соли 2012 президенти ФФТ интихоб шуд. Ӯ ҳамчунин раҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бар уҳда дорад.