Дар Тоҷикистон торнамои “равшанфикр” фаъол мешавад
Тайи ду моҳи дигар дар Тоҷикистон торнамои вижае фаъол хоҳад шуд, ки ҳадафаш ошноӣ бо дастовардҳои илмии олимони тоҷик мебошад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо хабар дод.
Ӯ, ки рӯзи гузашта (14 январ) дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ин торнамо бо суроғаи ravshanfikr.tj роҳандозӣ шуда, дар он кулли маълумот перомуни илми тоҷик ва дастовардҳои олимони кишвар ҷой дода мешавад: “Талош мекунем, ки муҳимтарин китобҳои олимони тоҷикро ҳам ворид намоем”.
Ба гуфти Фарҳод Раҳимӣ, ҳамчунин дар назар аст, дар ин торнамо адабиёти пурғановати форсу тоҷик -- ҳам классикӣ ва ҳам муосир ворид гардад ва инчунин маълумоти шарҳиҳолӣ дар бораи олимони тоҷик, пеш аз ҳама дар мавриди аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи илмҳо ҷойгир шавад.