Тоҷикистон ду консулгарияшро дар Афғонистон баст: Барои амнияти дипломатҳои тоҷик
Тоҷикистон фаъолияти консулгариҳояшро дар музофоти Бадахшон ва Кундузи Афғонистон мутаваққиф кардааст.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо такя ба мактуби ҷониби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ Душанбе расмӣ таъкид кардааст, ки ин иқдом ба дӯстии тарафайн ҳеч таъсире надошта, танҳо ба хотири таъмини амният роҳандозӣ шудааст.