Боздошти "Монте Кристо"-и тоҷик баъди 4 рӯзи фирор аз "СИЗО"
Раёсати зиндонҳои Русия аз боздошти Маъруф Одинаев, ҷавони 22-солаи тоҷик, ки рӯзи 13 январ аз “СИЗО”-и Маскав фирор карда буд, хабар доданд.
Ин ниҳод 17 январ бо нашри як иттилоияи расмӣ дар сомонааш хабар додааст, ки Одинаев дар пайи амалиёти муштарак бо дигар ниҳодҳои қудратӣ дар вилояти Маскав боздошт гардид. Ҷузъияти бештари боздошт эълон нашудааст.
Маъруф Одинев, ки дар қасди фурӯши маводи мухаддар дар ҳаҷми зиёд муттаҳам мешудааст, рӯзи 13 январ тариқи тақаллубкорӣ ба ҷои ҳамватанаш, ки муҳлати боздошташ анҷом ёфтааст, ба озодӣ баромадааст: “Ӯ ба шарикаш дар боздоштгоҳ, ки муҳлати боздошташ анҷом ёфтааст, маблағ пешниҳод карда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздоштгоҳро тарк кардааст”. Алайҳи Одинаев ба иттиҳоми фирор аз боздошт парвандаи ҷиноии дигар боз шудааст.
Тибқи иттилоияи додситонии Русия фирори Одинаев, ки дар расонаҳои Русия “граф Монте-Кристо” унвон гирифтааст, дар пайи риоя нашудани муқаррароти пешбинишудаи зиндонбонӣ сурат гирифтааст: “Меъёри берунории боздоштшуда аз утоқи боздошт ва озодкунии боздоштшудаҳо нақз шудааст. Фирори Одинаевро танҳо баъди 5 соат ошкор кардаанд”.
Додситонии Маскав мегӯяд, феълан мавод алайҳи зиндонбонҳоро ба Кумитаи тафтишотӣ равон кардааст, то дар масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбати маъмурини зиндон қарор қабул кунад.