Тарҳи Академия барои наҷоти сомонӣ: 3 млрд $ зарур аст
Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ки барои наҷот додани беқурбшавии пули миллӣ ва нигоҳ доштани мувозинати сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ 3 млрд доллари амрикоӣ зарур аст.
Дар нишасти хабарии Академияи улуми Тоҷикистон, ба суоли “Озодагон”, ки Академияи улум барои наҷоти пули миллӣ аз беқурбшавӣ кадом барнома ва роҳбурдеро рӯйи даст дорад, профессор Саидмуродов посух дод, ки онҳо дар ин маврид “як модели нави иқтисодӣ сохтаанд, ки бар асоси он барои нигоҳ доштани мувозинати қурби пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ 3 миллиард доллар зарур аст”.
Ба гуфтаи Лутфулло Саидмуродов беқурбшавии пул дар шароите, ки феълан минтақаро фаро гирифтааст, як раванди табиӣ буда, ҳола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама камтар сомонӣ беқурб шудааст. Ӯ афзуд, ки вазъ дар Қазоқистону Қирғизистон аз мо бадтар аст: “Мо барои нигоҳ доштани мувозинат ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва рушди савдо пешниҳод кардем, ки “Барномаи давлатии рушди содирот” ва “Барномаи давлатии коркарди саноат”-ро таҳия ва қабул кунем”.