207 миллион $ фоидаи Тоҷикистон аз сайёҳони хориҷӣ
Дар соли гузашта 413 ҳазору 834 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки дар давоми даҳсолаи ахир баландтарин нишондод мебошад.
Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон имрӯз, 14 декабр зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Ба қавли Абдуллозода аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ 206 миллиону 917 ҳазор доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон фоида расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 94 фоиз бештар мебошад.
Ба қавли раиси кумита бештари сайёҳон аз кишварҳои Қирғизистон, Узбакистон, Русия, Чин, Амрико, Олмон ва Туркия ба Тоҷикистон омадаанд. Абдуллозода дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар, ки аз ҷониби “Бунёди глобалӣ” барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ҷудо шудаасту гӯиё ғайримақсаднок истифода шудааст,гуфт: “Аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Додситони кулли Тоҷикистон дар ин масъала санҷишҳо гузаронида шудаанд. Имрӯз тамоми маводҳо дар дасти мақомоти прокуратура аст. Мо ҳанӯз ягон маълумоти расмиро аз ин ниҳод нагирифтаем”.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар посух ба он ки хабарҳои дар бораи фаъол шудани гуруҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикисону Афғонистон то чӣ андоза ба теъдоди сайёҳон таъсир мерасонад гуфт: “Мо имконияти пурраи дастрас кардани маълумоти воқеиро ба тамоми шарикони худ дорем. Вазъият дар Тоҷикисон пурра зери назорат аст ва сарҳад низ таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад”.