Ҳалокати 16 қочоқчӣ дар бархӯрди мусаллаҳона бо марзбонҳои тоҷик
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ дар ҳузури Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз фаъолияти яксолаи марзбонҳои тоҷик ҳисобот додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти қушунҳои сарҳадӣ соли гузашта марзбонҳои тоҷик бо қочоқбарони маводи мухаддир 30 маротиба вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд, ки дар натиҷа 16 қочоқчӣ безарар гардонида шуданд: “Соли 2015 106 марзшикан боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб 36 нафарашон шаҳрванди Афғонистон, 5 шаҳрванди Қирғизистон, 151 шаҳрванди Тоҷикистон, 10 шаҳрванди Узбакистон, 2 шаҳрванди Чин ва 5 шаҳрванди Русия мебошанд”,
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи амалиёт аз қочоқчиён 1 252 кило маводи мухаддир, 24 адад яроқи оташфишон, 1209 дона тир, 27 адад тирдон ва зиёда аз 20 адад норинҷакҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид шудааст, ки бо назардошти вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сардорони раёсатҳо, командирони ҷузъу томҳои сарҳадӣ бояд ҳамкориро бо сарҳадбонони давлатҳои ҳамсарҳади ҳамсоя такмил бахшанд. Таъкид шудааст, ки мунтазам вохӯриҳои намояндагиҳои сарҳадӣ гузаронида шуда, масоили ҳамкории мутақобила ва муноқишоти пайдошуда ҳаллу фасл мегарданд.