Президент: Таҷлили чорҳазорсолагии Данғара дар назар нест
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таҷлил аз чорҳазорсолагии Данғараро беасос хонд.
Ӯ қабл аз зуҳри имрӯз, 14 январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи Данғара, аз ҷумла дар Кангурт ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт: “Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд”.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.
Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде қабл бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар деҳаи Хушманзараи ноҳияи Данғара, ки қаблан Кангурт ном дошт, 72 зарфи сафолин пайдо намуданд. Доктори улуми таърих Саидмурод Бобомулоев он замон гуфта буд, бозёфтҳо ба асрҳои 13 ва 11-и пеш аз мелод мансуб буда, таърихи қариб 4 ҳазорсола доранд. Бостоншиносон бозёфтҳои мазкурро нодир гуфта, таъкид карданд, ки то ҳол бо чунин арзиши баланд дар Хатлон чизе дарёфт нагардидааст.
Баъди изҳороти бостоншиносони Академияи улум сару садоҳое ба вуҷуд омад, ки гӯиё дар Тоҷикистон аз чорҳазорсолагии тамаддуни Данғара таҷлил мешавад.