(ВИДЕО) Ректор ҷоғи шикастаи донишҷӯи аълохонро аз дасти ҳамдарсонаш шарҳ дод
Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия қазияи латукӯби донишҷӯи аълохонро аз сӯи ҳамдарсонаш шарҳ дода, афзуд, ки дар пайи ин ҳодиса як донишҷӯи бегуноҳро низ хориҷ кардаанд.
Солеҳов, имрӯз, 14 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, чор донишҷӯйи факултаи иқтисодӣ, ки дар латту куби ҳамдарси худ Акмал Замонов муттаҳам мешуданд, боздошт шудаанд: “Донишҷӯён Сорбон Хонбоев, Хуршед Мирзоев, Умед Назриев, донишҷӯёни курси як ва Акмал Турапов, донишҷӯи курси 3 аз донишгоҳ хориҷ карда шуда, алайҳашон тафтишот идома дорад”.
Ректори донишгоҳ ин ҳодисаро нанговар хонда, илова намуд, ки нофаҳмида як донишҷӯи дигареро, ки ба ҷабрдида кӯмак кардааст, аз донишгоҳ хориҷ намудаанд: “Донишҷӯй Саидакмалхон Имомов-сардори гуруҳро, ки дар рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти милитсия ва прокуратура буд, мо хориҷ кардем, аммо баъд фаҳмидем, ки ӯ дар ин латтукуб шарик нест. Баръакс ӯ ҷабрдидаро халос карда, ба беморхона бурдааст. Мо иҷозати вазоратро интизорем, то ӯро барқарор намоем”.
Моҳи октябри соли гузашта донишҷӯёни соли аввал Акмал Замонов, - ҳамдарси худро бо далели фаъол буданаш дар дарсҳо латту куб карда буданд. Дар натиҷа Замонов бо ҷоғи шикаста дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шуда буд.