Ҳушдори Неъматуллоев аз нерӯҳои манфиатдор дар заминларзаҳои Тоҷикистон
Собит Неъматуллоев, директори Хадамоти геофизикии Тоҷикистон аз сабти наздики 6 ҳазор заминларза дар соли 2015 дар кишвар хабар дод.
Неъматуллоев, имрӯз, 14 январ посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро нишондоди зилзилашиносҳои тоҷик бо шарикони хориҷияшон дар мавриди иқтидори заминларзаҳо мувофиқа намекунад, изҳор дошт, ки ин ба усули ҳисоби иқтидори заминларза вобастагӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ин ҷо ягон омили сиёсию амниятӣ ҷой надорад, балки баъзан худи журналистҳо “магнитуда”-ро аз интенсивият фарқ намекунанд. Директори Хадамоти геофизикии Тоҷикистон идома дод, ки марказҳои зилзилашиносии Амрико наметавонанд, иқтидори заминларзаҳои Тоҷикистонро дақиқ муайян кунанд, чун дар минтақаи ҷунбиши замин истгоҳҳои ченкунӣ надоранд. Аз ин рӯ, дараҷабандии мо бар асоси мавҷуд будани истгоҳҳои зилзиласанҷӣ дақиқтар мебошад.
Ӯ инчунин ҳушдор дод, ки баъзе нерӯҳо ва кишварҳои манфиатдор дар бораи иқтидору паймомадҳои заминларзаҳо дар Тоҷикистон иттилои бардурӯғ нашр мекунанд. Неъматуллоев нашри матлаб дар бораи Сарез дар сомонаҳои хориҷиро мисол оварда, илова намуд, ки тибқи таҳқиқоти мо дар минтақаи Сарез заминҷунбӣ то иқтидори 7,2 бал имконпазир аст, ки ба худи кӯл ҳеч зарар надорад. Имкони рух додани заминларзаҳои аз ин дараҷа баландтар тақрибан номумкин аст.
Ин олими шинохтаи тоҷик инчунин илова намуд, ки баъзан ҳаракати пиряхҳо низ заминҷунбиҳо иқтидорашон то 4 балро ба вуҷуд меорад, вале зараре надоранд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон низ аз сокинон даъват намуд, ки ба таҳлука наафтанд. Ӯ афзоиши заминларзаҳоро дар вақтҳои охир ба ҳаракати қишрҳои зеризаминӣ дар минтақа рабт дод.