Раиси ЖКХ: Барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 85 сол лозим аст
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ҳамчун ЖКХ маъруф аст, мегӯяд, танҳо 57 дарсади сокинони кишвар ба оби ошомидани дастрасӣ доранд.
Алимурод Тағоймуродов, раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” имрӯз, 14 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ҳоло ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Ӯ мегӯяд, барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани 43 дарсади аҳолӣ 2 миллиард доллар лозим аст: “Агар мо ҳар сол 54 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ кунем, барои пурра таъмин намудани аҳолӣ ба оби ошомидани 85 сол вақт лозим. Мо ҳамроҳ бо мутахассион ин масъаларо таҳлил карда, ба ҳукумат пешниҳод кардем”.
Алимурод Тағоймуродов мегӯяд, дар соли 2016 нархи истифодаи обро боло намебаранд: “Аз он сабаб ки маоши мардум дар ҳамон як сатҳи поин истодааст ва сабади истеъмолӣ паст аст, имкони боло бардоштани нархро надорем”.
Масъулини корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” мегӯяд, арзиши як метри мукааб об барои сокинон аз 80 дирам то 1 сомониро ташкил медиҳад.