Президент хилофи демократия будани пешвои миллатро рад кард
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон изҳороти қаблии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академия, ки мафҳуми пешвои миллатро зидди арзишҳои демократӣ хонда буд, рад кард.
Раҳимӣ, имрӯз, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди изҳороти қаблии Марказ, ки эълони пешвои миллатро хоси низомҳои теократию авторитарӣ хонда буд, изҳор дошт, ки ин фикри шахсии ду нафар аз олимони марказ буд.
Президенти академия таъкид кард, ки феълан Маркази оянданигарӣ бо Пешвои Милат мувофиқ буда, ягон хел мухолифат надорад: “Тамоми Академияи илмҳо ҷонибдори пешвои миллат аст”.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз қабл аз қабули қонун дар бораи пешвои миллат, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат карда буданд.
Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.
Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.