Муроҷиати террористон тариқи сомонаи Вазорати маорифи Тоҷикистон
Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, кормандони фаннӣ ба омӯзиши сабабҳои фаъол набудани сомонаи расмии ин ниҳод машғуланд.
Имрӯз бархе аз хабаргузориҳо навиштанд, гуруҳи “Tunisian Fallaga-Team” торнамои расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро рахна кардааст. Ба иттилои Ca-news, пойгоҳи хабарии Осиёи Марказӣ ҳангоми боз кардани торнамои вазорат бо суроғаи www.maorif.tj иттилое намудор мешавад, ки аз номи “Tunisian Fallaga-Team” гузошта шудааст. Дар он аз неруҳои мусаллаҳи Русия даъват шудааст, ба “хароб кардани хона, мактаб ва беморхонаҳои Сурия, инчунин куштори мусалмонон дар Сурия ва Чеченистон хотима диҳанд".
Манбаъ гуфтааст, бино ба бархе хабарҳо рахнагарон ба гуруҳи “Ҷундуллоҳ”, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст, марбутанд.
Аммо замони ба ин сомона ворид шудани мо навиштаҷоти Under construction (дар ҳоли коркард аст) дида мешуд. Як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфт, ҳоло кормандони фаннӣ ба омӯзиши сабабҳои фаъол набудани сомона машғуланд.