“Истиқлол” аз Украина, Русия, Узбекистон, Гана, Туркманистон легионер меорад
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои пурқувват кардани ҳайати худ аз тимҳои футболи Украина, Русия, Узбекистон, Гана ва Туркманистон легионер даъват кардааст.
Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” имрӯз, 13 январ ба “Озодагон” гуфт, панҷ тан аз ин бозигарон аз Русия (Рустам Нагаев, Андрей Черчесов, Азамат Догузов, Эдуард Тахилов, Артём Антипов) ва Александр Каблаш аз Украина аллакай ба Душанбе омада, дар бозиҳои санҷишӣ иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ин бозигарон қаблан дар тимҳои “Уфа” ва “Алания”-и Русия бозӣ мекардаанд. Сухангӯи “Истиқлол” гуфт, барои санҷиш инчунин 5 бозигари дигар аз Узбакистон, Гана, Туркманистон даъват шудаанд. Номбурда гуфт, даъватшудаҳо танҳо баъди гузаштан аз санҷиш бо “Истиқлол” шартнома хоҳанд баст. Даъвати легионерҳои нав ба “Истиқлол” дар ҳолест, ки қаблан сармурабби даста Мубин Эргашев зимни як баромадаш гуфт, ҳайати дастаро ҷавон хоҳад кард ва дар пайи ин шартномаашро бо панҷ бозигараш қатъ намуд.