Барак Обама: Украинаву Сурия аз зери нуфузи Русия берун мешаванд
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар паёми солонаи худ “Дар бораи вазъи кишвар” ду маротиба аз Украина ном бурд. Раҳбари Амрико аз ҷумла гуфт, Украина мисли Сурия аз зери нуфузи Русия берун меравад.
“Ҳарчанд ҳаҷми иқтисоди кишвар коҳиш меёбад, аммо Русия захираҳои зиёдеро сарф мекунад, ки Украина ва Сурияро дар меҳвари худ нигаҳ дорад, гарчанде эҳсос мекунад, ки онҳо аз мадораш берун мераванд”, - гуфт ӯ.
Обама аз Украина боз замоне ёдовар шуд, ки аз сиёсати хориҷии Амрико суҳбат мекард. Ба гуфтаи президенти ИМА, ин сиёсат “ҷузъи амнияти миллӣ аст, на хайрхоҳӣ”.
Президенти ИМА афзуд: “Вақте мо ба Украина барои ҳимояи демократия кумак мекунем ё ба Колумбия барои хотимаи ҷанги даҳсола мусоидат мекунем, ин кор ба ҳифзи низоми ҷаҳонӣ, ки аз он мо вобастагӣ дорем, созгор аст”.
Конгресси Иёлоти Муттаҳида тарҳи будҷаи 300 миллионии кишвар бо шумули кумаки 300 миллион долларӣ ба Украинаро тасвиб кард ва президенти ИМА ин қарорро имзо кард.
Барак Обама бори охир бо паёми "Вазъи кишвар" муроҷиат намуд. Дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар ИМА интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва Обама бо анҷоми мӯҳлати дувуми раёсати ҷумҳуриаш наметавонад ба ин вазифа номзад шавад.