Посухи вазири тандурустӣ: Кай президенту вазирон дар Тоҷикистон табобат мегиранд?
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз, 13 январ ба суоли “Озодагон”, ки кай дар кишвар шароите мешавад то президент, вазир ва вакил ба хориҷа нараванду дар дохил табобат гиранд, посух дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2015 дар паёмаш ба парлумон изҳор дошт, ки дар соҳаи тандурустӣ корҳо бояд тавре роҳандозӣ шаванд, ки президент, вазири тандурустӣ ва вакилон ба хориҷа нараванду дар дохил табобат гиранд.
Салимзода дар ин робита изҳор дошт, “вазифаи асосие, ки мо дар пеши худ гузоштем ин аст, ки беморон ба хориҷа нарафта, дар Ватан табобат ёбанд. Ман фикр мекунам, ки дар ин самт як пешравии калоне дар соҳаи тандурустии кишвар дида мешавад”.
Вазири тандурустӣ инчунин иттилоъро, ки чанд моҳи қабл аз табобат аз Олмон баргашта буд, беасос хонд: “Ман ташхис ва табобати худро дар Ватан гирифта будам. Ба Олмон сафари хидматӣ доштам. Мо бо кишвари Олмон муносибати хуб дорем”.
Ӯ дар мавриди табобати худ аз сӯи табибони тоҷик афзуд, “бемории маро он табибони оддие, ки дар Шаҳраки тиббии кишвар ҳар чизе гуфтанд, баъд аз ин ҳамон бемориро табибони рус ё дигар миллат ҳам ҳамонро гуфтанд, ягон калимаи зиёдро нагуфтанд”.
Вазири тандурустӣ барои исботи пешрафти тибби тоҷик сафари ахираш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистонро мисол овард: “Дар Туркманистон суол кардем, ки кадом намуди ҷарроҳиро амалӣ месозанд? Дар онҳо на пайвандсозии узвҳо аст, на иваз кардани рагҳои дил. Имрӯз ҳамаи ҷарроҳиҳо аз тарафи мутахассисони тоҷик амалӣ мешаванд. Пайвандсозӣ, ивази буғум ва тамоми ҷарроҳиҳои урологӣ анҷом дода мешаванд”.
Дар хулоса вазири тандурустӣ изҳор дошт, ки ягон давлати дунё қудратеро надорад, ки ҳама чизро дар як ё ду рӯз муҳайё кунад ва баъдан ҳар касе, ки имкону маблағ дорад, дар интихоби ҷои табобат озод мебошад.