Панкратенко: Ҳадафи Риёз аз ҳамкорӣ бо Душанбе густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ аст
Игор Панкратенко, коршиноси масоили сиёсии рус гуфтааст, ҳадафи сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистони Саъудиро ҷалби кумакҳои молии Риёз донистааст.
Понкратов дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” бо ишора ба мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон гуфта, ҷалби кумакҳои молии кишварҳои хориҷӣ барои Душанбе аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Ба қавли Панкратенко, “ба назар мерасад аз нигоҳи Душанбе яке аз ин кишварҳо метавонад Арабистони Саъудӣ бошад, аммо сафари 3-рӯзаи Раҳмон ба Риёз бо иттифоқи баде мусодиф шуд. Дар он рӯз Оли Саъуд ба эъдоми шайх Нимр Боқир Ан-Нимр иқдом кард. Ин иттифоқ рӯи барномаи сафари Раҳмон таъсире нагузошт”.
Ба эътиқоди ин огоҳи умури сиёсии рус, Риёз дар Тоҷикистон манофеи воқеии иқтисодӣ надошта, балки аз ҳамкорӣ бо Душанбе ба дунболи кумак гирифтан барои густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, барои амалӣ шудани ин кор Арабистон ниёз ба як ҷойи пой дар минтақа дорад.
Панкратенко дар бахши дигаре аз суҳбатҳояш ба дарёфти 108 миллион доллари Душанбе аз ҷониби Риёз ишора карда, гуфтааст: “Чунончи барнома тибқи тавофуқоти дар ҷараёни ин сафар пеш биравад, Душанбе аз кумакҳои бештари молӣ бархурдор хоҳад шуд ва он идда аз салафиҳои маҳаллӣ, ки аз сӯи Риёз ҳидоят мешаванд, нисбат ба ин кишвар ҳусни ният нишон хоҳанд дод”.
Ӯ дар охири суҳбаташ қайд кардааст, Душанберо лозим хоҳад буд ба Маскав ва Пекин ҳам итминон диҳад, ки тавофуқот бо Арабистон фақат ба арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва хайрия иртибот дорад: “Аммо ба назар мерасад, ки маҳдуд кардани сатҳи тамосҳо бо Теҳрон низ яке аз пешзаминаҳои замонати ба истилоҳ “ҳусни нияти молӣ”-и Риёз хоҳад буд”.