АП: Синну соли номзади президентиро поин карданианд
Дар Тоҷикистон синну соли номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ поин бурда мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар парлумони кишвар иттилоъ дода, гуфтааст, ин тағйирот ба Қонуни асосӣ ворид хоҳад шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, синну соли номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 пойин оварда мешавад.
Қаблан, дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, имсол ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Бино ба хабари манбаъ, ин мавзӯъ дар яке аз ҷаласаҳои парлумон баррасӣ шудааст.
Манбаи “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, дар баробари тағйирот перомуни синну соли номзад, дар назар аст, таъсис ва фаъолияти ҳизби сиёсии моҳияти диннидошта дар Сарқонун манъ шуда, шакли идораи президентӣ, ки дар Тоҷикистон барҳол аст, меъёри конститутсионӣ шавад. Дар ҳамин ҳол, Радиои "Озодӣ" мегӯяд, дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба моддаи 65 илова шудааст, ки маҳдудият дар пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раисиҷумҳур "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад". Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду муҳлат пайи ҳам интихоб шуда наметавонад.
Ба Сарқонуни барҳол ё амалкунандаи Тоҷикистон, ки соли 1994 пазируфта шудааст, солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардид.