(ВИДЕО) Палатаи савдо ва саноат: Бояд аз таҳримҳо ба манфиати худ истифода барем
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, кишвар таъсири буҳрони молиро эҳсос кардааст.
Шариф Саид, раиси ин ниҳод имрӯз, 13 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт, чун Тоҷикистон аз Русия вобастагии зиёд дорад, буҳрони молӣ дар он кишвар ба ҷумҳурии мо ҳам бетаъсир намонд. Ӯ аз ҷумла ба коҳиши қобили мулоҳизаи маблағи муҳоҷирон ишора кард. Ҷаноби Саид афзуд, барои коҳиши суръати буҳрон бояд ҳаҷми содирот зиёд карда шавад: “Мутаасифона 70 дарсади савдои хориҷии кишвари моро воридот ташкил медиҳад”.
Раиси Палатаи савдо ва саноат гуфт, Тоҷикистон бояд аз таҳримҳои иқтисодӣ ба манфиати худ истифода кунад. Ба қавли ӯ, ба дунболи эълони таҳримҳои маҳсулоти туркӣ дар бозорҳои Русия бояд барои ҷойгоҳ ёфтан дар ин бозорҳо талош кард. Шариф Саид мегӯяд, ҳадди ақал бояд бозори намакро дар он кишвар аз худ кард: “Тоҷикистон захираи зиёди намак дорад”.