Тасвиби Мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистону Эрон
Намояндаҳои Маҷлиси шӯрои исломии Эрон лоиҳаи Мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро тасвиб кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, ин мувофиқатнома дар ҷаласаи рӯзи 12 январи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар ҷараёни баррасии гузориши комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон бо 114 раъйи мувофиқ ба тасвиб расидааст. Ҳамчунин дар нишасти дирӯз намояндагон бо моддаи воҳиди ин лоиҳа бо 122 раъйи мувофиқ мувофиқат кардаанд. Дар матни моддаи воҳиди лоиҳаи Мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон, ки аз муқаддима ва 11 модда иборат аст, омадааст, “ба шарҳи пайвасти тасвиб ва иҷозаи мубодилаи асноди он дода мешавад”.