Салимзода: Издивоҷи фарзандони амаку тағоҳо манъ мешавад
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, имрӯз, 13 январ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси Оиларо дар парлумони кишвар муаррифӣ кард.
Салимзода дар ҳузури намояндагони мардум изҳор дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодшуда бе муоинаи тиббӣ бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон манъ мешавад. Ӯ гуфт навхонадорон бояд пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд ва ҳадафи ин иқдомро пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо арзёбӣ кард.
Инчунин ба гуфтаи вазир тағйирот ба Кодекси оила никоҳи хешутаборон, аз ҷумла издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон - фарзандони тағою амакиҳоро манъ кардааст.