Муоинаи тиббии домоду арӯс қабл аз издивоҷ ройгон хоҳад буд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйру иловаҳо ба Кодекси оиларо, ки муоинаи тибии пеш аз издивоҷи ҷавононро пешбинӣ кардааст, қабул карданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон имрӯз, 13 январ зимни баррасии ин лоиҳа гуфт, амалишавии муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ моҳи июли соли равон дар назар аст. Ӯ гуфт, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷоми муоинаи тиббӣ ақди никоҳи ҷавонон сабт нахоҳад шуд. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми муаррифии лоиҳа изҳор дошт, муоина ройгон буда, онҳо талош мекунанд, ҳангоми анҷоми он аз ҷониби мутахассисон саҳлангорӣ сурат нагирад.
Лоиҳаи тағйру иловаҳо ба Кодекси оила 27 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи ҳукумат, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, тасдиқ ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд.
Масъалаи аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадоронро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар паёми солона ба парлумон ба миён гузошта шуда буд. Он замон президент ба ниҳодҳои масъул дастур дод, то пешниҳодҳои дахлдорро ба ҳукумат ироа кунанд.
Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҳам қаблан изҳор дошта буд, ки ташхиси қабл аз никоҳ метавонад ба коҳиши ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат кунад.