Ҷумъа Давлат: Хизматчиёни давлатӣ маҳдудияту мамнӯиятҳои зиёд доранд
Раҳбари Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, хизматчиёни давлатӣ аз имтиёзҳои иҷтимоӣ дида, маҳдудияту мамнуниятҳои зиёд доранд.
Ҷумъа Давлат имрӯз, 12 январ аснои як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, хизматчиёнӣ давлатӣ аз баъзе кафолатҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд, вале имтиёзҳои зиёд надоранд: ”Қариб, ки имтиёз ҳам намондааст барои хизматчиёни давлатӣ, баръакс маҳдудияту мамнӯниятҳо ҳастанд”.
Гурез Қосимов, муовини директори ин агентӣ дар нишасти мазкур гуфт, хизматчиёни давлатӣ кафолатҳои иҷтимоии гуногун, аз қабили гирифтани маош, нафақа, рухсати меҳнатӣ ва таҳсилро доро ҳастанд.
Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон теъдоди хизматчиёни давлаӣ ба 18704 нафар мерасад, ки 4214 нафарашон зан ва 8049 тани дигар ҷавонони то 35-солаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар кишвар 38,5 буда, маоши миёнаи онҳо 963 сомонию 23 дирам аст. Ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 3,5 дарсад зиёд будааст.